Ҷамъомади солонаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон «Афканишот»
27 декабри соли 2021 дар толори конфронсии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) “Хирадмандон” дар назди НАНТ Ширин Қурбонова ҷаласаи солонаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Афканишот” баргузор гардид.
Директори Агентӣ Илҳом Мирсаидзода доир ба фаъолиятҳои соли 2021 ва нақшаҳои соли 2022 маълумот дода, нақши ҳизбро дар таъсисёбии Агентӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ саҳми Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини амният ва суботи кишвар беназир номид.
Сипас Ширин Қурбонова ба сухан баромада, ба директори Агентӣ Илҳом Мирсаидзода барои дастгирии пайваста изҳори миннатдорӣ намуд. Ӯ аҳдофи стратегии миллатро таъкид намуда, муттаҳидсозии ҳувияти миллӣ ва рушду такомули тафаккури илмиро вазифаи муҳим хонд.
Дар ҷараёни ҷаласа инчунин якчанд аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ намуданд.